Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар ва сарҳадбонон мулоқот карданд
Душанбе, 19.08.2015 (АМИТ «Ховар»).- Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ бо хизматчиёни ҳарбии қисми низомии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ дар ноҳияи Шӯрообод вохӯрӣ баргузор намуданд.
Дар мулоқот бо сарбозону афсарон барномаи “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020”, пешгирии нашъамандӣ ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Мутахассисони Агентӣ дар бораи омилҳои нашъамандӣ, ҷанбаҳои иҷтимоӣ ва тиббии он нақл намуданд. Инчунин масъалаҳои нашъамандӣ дар ноҳияи Шӯрообод, фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳифзи ҳуқуқ дар соҳаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар муҳокима гардиданд.
Мавриди зикр аст, ки марзбонони кишвар дар баробари ҳифзи сарҳад ҳамчунин дар ҳамбастагӣ бо кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ баҳри пешгирии қочоқи маводи нашъаовар чорабиниҳои махсусро амалӣ мекунанд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






