Кулоб: 1466 чойи нави корӣ таъсис дода шуд
Кулоб, 13.08.2015 (АМИТ «Ховар» Сулаймон Холов)-Дар шаҳри Кӯлоб дар шаш моҳи соли ҷорӣ 1466 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд, ки 50,7 дарсади нишондиҳандаи барномаи нақшаи иловагиро дарбар гирифта, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25 ҷои корӣ зиёд мебошад.
Ба гуфти масъулин, дар ин давра 249 нафар ба касбомӯзӣ, аз ҷумла дӯзандагӣ, кафшергарӣ, муҳосибӣ, гулдузӣ, зардузӣ, ва омӯзиши компютер фаро гирифта шуда, 174 нафар соҳиби шаҳодатномаи касбӣ гашта, 138 нафар бо кор таъмин шуданд.
Илова бар он 357 нафар, ки ба воситаи худмаблағгузорӣ низ ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуда буданд, соҳиби шаҳодатномаи касбӣ гардиданд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






