Кумакҳои ҳарбии Русия ба Тоҷикистон
Душанбе, 14.08.2015. (АМИТ «Ховар»). – Бино ба иттилои муовини вазири мудофиаи Федератсияи Русия Анатолий Антонов 11-уми августи соли равон кумаки навбатии ҳарбии Вазорати мудофиаи Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи тайёраи қушунҳои ҳарбӣ-ҳавоии Русия ба фурудгоҳи Душанбе интиқол дода шуд.
Бояд гуфт, ки интиқоли кумакҳои ҳарбӣ дар доираи иҷрои қарори сарони давлатҳои СПАД дар соли 2013 оид ба пурзӯр намудани сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистонсурат мегирад.
Кумаки Вазорати мудофиаи Русия дар шароити аз хоки Афғонистон берун шудани нерӯҳои байналмилалӣ ба сохторҳои қудратии Тоҷикистон, ки дар мубориза бар зидди хатарҳои террористӣ бевосита иштирок мекунанд, равона шудааст.
А. Антонов қайд кард, ки Вазорати мудофиаи Русия кумакҳои ҳарбӣ-техникии худро бо назардошти афзудани таҳдидҳо ва хатарҳо дар Осиёи Марказӣ ва зарурати андешиндани чораҳои амниятӣ амалӣ мекунад.
Ҷониби Русия нақшаи расонидани кумакҳои ҳарбӣ-техникӣ ба Тоҷикистонро мувофиқ ба қарори қабулкардаи сарони давлатҳои Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ таҳия кардааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






