Кумаки Кумитаи имдод ба зарардидагони Бадахшон
Душанбе, 31.08.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Намояндагии Кумитаи имдоди имом Хумайнии Эрон дар Тоҷикистон ба зарардидагони аз офатҳои табии навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кӯмак мерасонад. Ин кӯмакҳо аз гилему болопӯшҳо, яхдон, маводи ғизоӣ аз қабили равған, биринҷ, шакар, макарон ва хокаи шустӯӣ иборат буда, онро масъулини Кумитаи мазкур ба сокинони аз офатҳои табиӣ зарардидаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мерасонанд.
Зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе сарпарасти кулли Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ Саидпарвизи Фаттоҳ, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ доир ба таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Эрон дар бахшҳои мухталиф ибрози назар намуданд. Саидпарвизи Фаттоҳ зикр кард, ки дар оянда намояндагии Кумитаи имдод дар Тоҷикистон фаъолияти худро тавсеа мебахшад. Зикр шуд, ки алҳол бо ибтикори намояндагии Кумитаи мазкур дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон 134 коргоҳи омӯзишӣ таъсис дода шудааст, ки ин марказҳо ба шуғли муайян фаро гирифтани ҷавонон, хусусан аз худ кардани ҳунарҳои дӯзандагӣ, сангтарошӣ, челонгарӣ нақши калон доранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






