Кумаки моддӣ ба зарардидагони ноҳияи Мурғоб
Душанбе, 08.08.2015. (АМИТ «Ховар», Хосият Худоёрбекова). — Субҳи имрӯз, 8-уми август барои 33 хонаводаи аз офати табии зарардидаи ноҳияи Мурғоб кумаки ройгон расонида шуд.
Дар ин корвони кумак барои ҳар як оила 2 халта орд, 20 кг равған, 20 кг шакар, 25 кг биринҷ 10 кг макарон аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба зарардидагон расонида мешавад.
Намояндаи Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ Валӣ Давлатов гуфт, ки се рӯз пеш 70 тонна орд ва се тонна шакар барои фурушгоҳҳои Агентии ноҳия интиқол дода шуд.
Имрӯз бошад, бо таври иловагӣ 20 тонна маводи омехтаи озуқа ба ин ноҳия ирсол гардид. Хамчунин барои бунёди хонаҳои аз офати табии зарардидаи ноҳияи Мурғоб 30 куб тахта ва зиёда аз бист тонна семент фиристонида шудааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






