Кумаки навбатӣ ба осбедидагони ноҳияи Мурғоб
Мурғоб 12. 08. 2015 (АМИТ «Ховар» Файз Мирҳасан).- Ҷумҳурии Қирғизистон ба сокинони деҳаи Рангкӯли ноҳияи Мурғоб, ки бар асари селоб аз хонаҳои истиқоматиашон маҳрум шуданд, маводҳои сохтмонӣ интиқол фиристод.
Ба иттилои ситоди ҳолатҳои фавқуоддаи вилоят, ин кӯмакҳои башардустона аз 260 дона кӯрпа, 15 тонна семент, 5 метри кубӣ тахта ва 1102 метр тунука иборат мебошанд, ки сари вақт ба зарардидагон тақсим карда шуданд. Ҳамчунин сокинони деҳоти Аличул, Бердикободи ин ноҳия низ ба осебдидагон маводҳои сохтмонӣ ва кумаки моли ирсол намуданд.
Илова бар ин бо дастури раиси вилоят аз ҳисоби захираи давлатӣ 100 тонна орд, се тонна шакар ба воситаи роҳи Ишкошим ва 200 литр равған, 3 тонна орд тавассути чархбол ба ноҳияи Мурғоб оварда шуд.
Ёдрас мешавем, ки охирон офати табиӣ дар Вилояти Бадахшон 6-уми августи соли равон рух дод, ки бар асари он 13 хонаи истиқоматӣ, чанд иншооти ёрирасон ва шабакаи обрасонии ягона неругохи барқӣ хароб гардида, роҳи Мурғоб- Ӯш низ мувақатан баста шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






