Кумаки ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба сокинони Бадахшон
Душанбе, 03.08.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Бо ташаббуси Вазорати кишоварзӣ, идораи «Тоҷикматлубот» ва Агентии захираҳои моддии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав, Ваҳдат зиёда аз 200 тонна маҳсулоти кишоварзӣ барои сокинони Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон равон карда шуд.
Тавре ки аз вазорати кишоварзӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, 40 тонна картошка, 50 тонна пиёз, 10 тонна сабзӣ, 9 тонна карам, 2 тонна қаламфури булғорӣ, 30 тонна тарбуз, 20 тонна харбуза, 2 тонна биринҷ, 4,5 тонна орд, 2 тонна помидор, ҳамчунин чой, равған ва дигар маҳсулоти хурокворӣ бо нархҳои то 30-50 фоиз нисбат ба бозор арзон, ба сокинони ноҳияҳои Дарвоз, Рӯшон, Рошқалъа, Ишкошим ва Мурғоб пешкаш гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






