Курсҳои такмили ихтисос барои бонувони лаёқатманд
Душанбе, 04.08.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-30 нафар занони лаёқатманд, ки дар захираи кадрҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қарор доранд, тӯли панҷ рӯз — аз 3 то 8 август дар курсҳои такмили ихтисос, ки аз ҷониби Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Зан роҳбар» ташкил шудааст, ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.
«Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба мутахассисони баландмақом аз ҳисоби занҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд», гуфт дар оғози ифтитоҳи курси такмили ихтисос Лутфия Абдулхолиқзода -ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Мавсуф афзуд, ки бо пайгирӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишкада барои тайёр намудан ва такмил додани ихтисоси хизматчёни давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои такмили ихтисосро роҳандозӣ намудааст. Зикр шуд, ки бо ташаббуси Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа бештар аз 15 барномаи давлатӣ ба тасвиб расидааст. Дар ин замина, имрӯз қариб 30 фоизи вазифаҳои роҳбарикунандаро занон ба зимма доранд.
Ҳамзамон, дар маросими ифтитоҳи курси такмили ихтисос Ҷумъа Давлатов- директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таваҷҷуҳи имрӯзаи Сарвари Давлат ва Ҳукумати мамлакат ба занон ва ҳамчунин дастгирии онҳо ҷиҳати таъмини курсҳои омӯзишӣ бо мутахассисони соҳа ёдрас шуд.
Инчунин Махфират Хидирзода- раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ зикр кард, ки 70 фоизи машғулиятҳои курсҳои зикршуда маҳз ба омӯзиши вазъи ҳуқуқии занон, хизматчии давлатӣ, масъалаҳои гендерӣ дар фаъолияти касбӣ, нақши занону бонувон дар идоракунии давлатӣ, бахусус дар интихобот ва раъйпурсӣ, дастгирии занон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амсоли инҳо бахшида шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки дар давоми курси такмили ихтисос ҷиҳати муайян намудани сатҳи сухандонӣ, суханварӣ ва забондонии шунавандагон санҷишҳо (иншо, суҳбат) гузаронида мешаванд ва дар охир ба онҳо «Гувоҳнома»-и Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон супорида хоҳад шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






