«Лаъли Бадахшон» дар «Таронаи Ваҳдат»
Душанбе, 14.08.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Шоми 13 август дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ҳунармандони ансамбли тарона ва рақси «Лаъли Бадахшон» — и ноҳияи Ишкошим дар даври ҷамъбастии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии ансамблҳои тарона ва рақс ва ансамблҳои фолклорию этнографӣ иштирок намуданд.
Ҳунармандони ноҳияи Ишкошим маҳорати волои хешро пешкаш намуданд. Хусусан рақси якка ва суруди аллаи ансамбли мазкур писанди ҳамагон гардид.
Ёдовар мешавем, ки шоми имрӯз намоиши барномаҳои беҳтарини ансамблҳои ноҳияҳои Файзобод, Тоҷикобод, Ёвон, Муъминобод, Ишкошим, шаҳри Хуҷанд ва Роғун доир мегардад.
Мавриди зикр аст, ки озмуни мазкур таҳти унвони «Таронаи Ваҳдат» ба ҷашни 3000 солагии Ҳисор бахшида шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






