Маҳви беш аз 110 ҷангии «Толибон» дар Ҳилманд

Август 28, 2015 13:50

Душанбе, 28.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар натиҷаи як қатор амалиёти низомӣ дар ҳудуди музофоти Ҳилманди Афғонистон, ки рӯзи чоршанбе дар ноҳияи Мусоқалъа оғоз шуда буд, зиёда аз 110 ҷангии гурӯҳи ифротии «Толибон» маҳв карда шуд. 
Тавре агентии иттилоотии «Пажвок» бо такя ба намояндагони фармондеҳии низомии маҳаллӣ хабар медиҳад, поксозӣ дар минтақаҳои гуногуни ноҳия бо иштироки нерӯҳои ҳавоии Афғонистон ва хориҷӣ сурат гирифт. Қумандонҳои ифротгаро-мулло Абдуррозиқ, мулло Носир, мулло Инқилобӣ ва мулло Рауф аз ҷумлаи ҷангиёни маҳвгардидаи «Толибон» мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз пеш қисми зиёди ин ноҳия, аз ҷумла маркази маъмурии он аз ҷониби ҷангиён муҳосира шуда буд. Ҳоло нерӯҳои Афғонистон бо дастгириии СААШ (НАТО) амалиёти барқарорсозии назорат дар ин минтақаро давом медиҳанд.
Як амалиёти густурдаи дигар дар шимоли ин кишвар, дар музофоти Сари-Пул бо роҳбарии генерал Абдуррашид Дӯстум идома дорад. Ба нерӯҳои Афғонистон муяссар шуд, ки ноҳияи Куҳистонакро бидуни тиркушоӣ аз тасарруфи  «Толибон» озод кунанд. 

 

Август 28, 2015 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд