Маҳви беш аз 110 ҷангии «Толибон» дар Ҳилманд
Душанбе, 28.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар натиҷаи як қатор амалиёти низомӣ дар ҳудуди музофоти Ҳилманди Афғонистон, ки рӯзи чоршанбе дар ноҳияи Мусоқалъа оғоз шуда буд, зиёда аз 110 ҷангии гурӯҳи ифротии «Толибон» маҳв карда шуд.
Тавре агентии иттилоотии «Пажвок» бо такя ба намояндагони фармондеҳии низомии маҳаллӣ хабар медиҳад, поксозӣ дар минтақаҳои гуногуни ноҳия бо иштироки нерӯҳои ҳавоии Афғонистон ва хориҷӣ сурат гирифт. Қумандонҳои ифротгаро-мулло Абдуррозиқ, мулло Носир, мулло Инқилобӣ ва мулло Рауф аз ҷумлаи ҷангиёни маҳвгардидаи «Толибон» мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз пеш қисми зиёди ин ноҳия, аз ҷумла маркази маъмурии он аз ҷониби ҷангиён муҳосира шуда буд. Ҳоло нерӯҳои Афғонистон бо дастгириии СААШ (НАТО) амалиёти барқарорсозии назорат дар ин минтақаро давом медиҳанд.
Як амалиёти густурдаи дигар дар шимоли ин кишвар, дар музофоти Сари-Пул бо роҳбарии генерал Абдуррашид Дӯстум идома дорад. Ба нерӯҳои Афғонистон муяссар шуд, ки ноҳияи Куҳистонакро бидуни тиркушоӣ аз тасарруфи «Толибон» озод кунанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






