Маҳви беш аз 50 террорист дар Лозиқия
Душанбе, 08.08.2015. (АМИТ «Ховар»,Тоҷиддин Аҳмадзода).- Артиши Сурия дар натиҷаи як амалиёти низомӣ дирӯз дар вилояти Лозиқия 50 узви такфириро нобуд кард.
Хабаргузории «Меҳр» ба нақл аз пойгоҳи хабарии «Ан-Нашра» иттилоъ медиҳад, ки Артиш ва неруҳои мардумии Сурия амалиёти поксозиро дар мавзеъҳои мухталифи ин кишвар идома медиҳанд. Бар асоси ин гузориш, дар ҷараёни яке аз амалиётҳои Артиш 50 узви гурӯҳҳои террористӣ дар Лозиқия нобуд карда шуда, чандин нафари дигари террористон ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд. Дар ҷараёни ин амалиёт ҳамчунин чанд мошини мутааллиқ ба террористон шиносои шуда, маҳв карда шуд.
Манбаъҳои амниятии Сурия ахбори мунташиршуда доир ба тасарруфи деҳаи Муҳин дар минтақаи Ҳимс аз ҷониби ДИИШ-ро рад карда, гуфтаанд, ки ин мавзеи стратегӣ ҳанўз дар ихтиёри Артиш аст.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






