Марги кӯдаки яксола аз беэҳтиётӣ
Душанбе, 11.08.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дирӯз, 10-уми августи соли равон, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Галопер», сокини 55-солаи ноҳияи Ишкошим ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Ширгин ба самти маркази ноҳияи Ишкошим, дар шоҳроҳи «Хоруғ-Ишкошим-Тузқул» аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарёи Панҷ чаппа шуд. Дар натиҷа ин фоҷеа чор мусофири автомашина, сокинони ноҳияи Ишкошим дар дарё ғарқ шудаанд. Ронандаи автомашина ва як мусофири дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд. Мутаассифона, баъд аз чанд соат мусофири зиндамонда низ дар беморхона ба ҳалокат расид.
Дар ин рӯз, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», сокини 26-солаи шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Нофароҷи Истаравшан бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагарди 32-сола, сокини ҷамоати деҳоти мазкурро пахш кард. Бо гирифтани ҷароҳатҳои вазнин пиёдагард, дар беморхона ба ҳалокат расид.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дода шуд, ҳамчунин рӯзи гузашта сокини 24 солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, автомашинаи шахсии тамғаи «Портер»-ро дар назди хонаи истиқоматиаш беназорат партофта рафтааст. Автомашинаи мазкур ба қафо ҳаракат карда, духтарчаи яксолаи хонадонро пахш намудааст. Дар натиҷа, хурдсол дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






