Машқҳои амалии хадамоти оташнишонӣ ва ширкати «Помирэнержи»
Хоруғ, 14. 08 2015 (АМИТ «Ховар» Файз Мирҳасан).- Машқҳои навбатии амалиро кормандони Шуъбаи хадамоти давлатии оташнишонии вилоят ин бор дар неругоҳи барқии обии Хоруғ муштарак бо ситоди ҳолатҳои фавқулодаи назди хадамоти энергетикии вилоят баргузор намуданд.
Дар машқҳо хамчунин табибон аз маркази саломатии ин маҳал ширкат намуданд.
Ба иттилои сардори ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандони назди хадамоти энергетикии вилоят Нафасбек Аҳмадбеков, ситоди мазкур ҳафтае як маротиба давраи омузишӣ гузаронида, ва дар рафти омӯзиш низ машқҳои амалӣ мегузаронанд. Нафасбек Аҳмадбеков гуфт: маҳз чунин тадбирҳои қаблӣ ба мо имкон дод, ки ҳангоми сар задании офати табиӣ дар деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон аз сӯхтор ҷилавгирӣ карда шуд ва ҳамагӣ баъди ду руз интиқоли нерӯи барқ ба тамоми навоҳии вилоят аз нав барқарор гардид. Сол аз сол баланд шудани ҳарорати ҳаво эҳтимоли сар задании офатҳои гуногуни табииро бештар мегардонад ва аз ин рӯ омодагии ниҳодҳои махсус низ бояд болотар бардошта шавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






