Матраҳи лоиҳаи Барномаи давлатӣ барои маъюбон

Август 14, 2015 10:27

Душанбе, 14.08.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). — Имрӯз дар Душанбе бо иштироки намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои  ғайриҳукуматӣ миззи мудаввар дар мавриди баррасии Барномаи давлатӣ «оид ба таъмини тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии одамони дорои маъюбият дар Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020»  доир гардид.   Мизи мудаввар бо  мақсади шунидани фикру андешаҳои иштирокчиён ва комил сохтани  лоиҳаи интиҳоии барномаи давлатӣ гузаронида шуд. 
Ҳукумати ҶТ эътироф менамояд, ки ба одамони дорои маъюбият чун ба дигар одамони солим ба таври баробар муносибат намудан лозим аст.  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВТ ҲИА ҶТ) бо дастгирии техникии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) лоиҳаи Барномаи давлатӣ «оид ба таъмини тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии одамони дорои маъюбият дар Тоҷикистонро барои солҳои 2016-2020» таҳия намуд. Мақсад аз барнома фароҳам овардани шароити мусоид бо имкониятҳои баробар барои ҳама тавассути баланд бардоштани соҳаи тандурустӣ, тавонбахшӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ барои шахсони маъюб мебошад. 
Муовини аввали Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Лола Бобохоҷиева  зимни суханронӣ қайд намуд, ки лоиҳаи Барномаи давлатӣ масъалаҳои гуногуни маъюбиро дар назар дорад. Барнома фаҳмиши аҳамияту муҳимияти талаботи шахсони маъюбро дарк намуда, кафолат медиҳад, ки талаботи одамони дорои маъюбият ҳангоми татбиқи чорабиниҳо ба назар гирифта мешаванд.  
«Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои беҳтар намудани вазъи маъюбон корҳои назаррасро анҷом додааст ва дар оянда низ ин иқдом идома меёбад»,- баён дошт Л.Бобохоҷаева. 
Намояндаи ТУТ дар Тоҷикистон Лола Юлдошева иброз дошт, ки  масъалаи маъюбӣ яке аз масъалаҳои аввалиндараҷаи ТУТ маҳсуб меёбад. «Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки зиёда аз 1 миллиард ё 15 фоизи аҳолӣ дар ҷаҳон, аз он ҷумла  95 миллион кӯдакон бо ягон навъи маъюбӣ зиндагӣ мекунанд.  Маъюбият ба таври номутаносиб ба гурӯҳҳои бештар осебпазири аҳолӣ таъсир расонда, махсусан дар байни занон, пиронсолон ва оилаҳои камбизоат маъмул аст. Аксар маъбон дар кишварҳои сатҳи даромадашон паст (тақрибан 80 %) зиндагӣ мекунанд»,-илова намуд намояндаи ТУТ. 
 Роҳбари лоиҳаи «Тавонбахшии маъюбон», намояндаи ТУТ дар Тоҷикистон  Сатиш Мишра оид ба вазъи соҳаи маъюбӣ дар Тоҷикистон , сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии ВТ ва ҲИА ҶТ дар мавриди афзалият, натиҷаҳои интизорӣ, нишондиҳандаҳо ва нақшаи амалиётҳои лоиҳа андешаронӣ карданд. 
То январи соли 2014 дар Тоҷикистон 167 865 маъюб ба қайд гирифта шудааст, ки ин тақрибан ба 2 фоизи  шумораи умумии аҳолии кишвар баробар аст. Ҳукумати Тоҷикистон, аксари хизматрасониҳои мавҷударо барои шахсони маъюб, аз ҷумла дар муассисаҳои статсионарӣ, ғайристатсионарӣ, парастории рӯзона маблағгузорӣ менамояд. Мувофиқи маълумотҳо Ҳукумати ҶТ соли 2014 ба хизматрасониҳои статсионарӣ барои маъюбон 14083347 сомонӣ, аз ҷумла 24 84893 сомонӣ барои хизматрасониҳои рӯзона харҷ намудааст. 
Пас аз баррасӣ Барномаи давлатӣ «оид ба таъмини тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии одамони дорои маъюбият дар Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020»  ба Ҳукумати ҶТ фиристода мешавад. 

Август 14, 2015 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикаи Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид
Ҷалби сармояи Чин ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
13 август дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад