Мавқеи гурӯҳи Ҳусиҳо дар Яман танг мегардад
Душанбе,12.08. 2015 (АМИТ «Ховар», Саидҷаъфар Ашӯрзод).-Ҷонибдорони Президенти Яман Абду Раббо Мансур Ҳодӣ қариб тамоми қисми ҷанубии кишварро таҳти назорати худ қарор дода, барои ба даст оварднаи пойтахт, ки айни замон гурӯҳи ҷангиёни Ҳусиҳо онро идора мекунанд, ҳаракат доранд. Дар ин бора рӯзномаи «Ал-Васат»-и Баҳрайн иттилоъ дода, навиштааст: ҳоли ҳозир амалиётҳои мусаллаҳона дар минтақаҳои Дамар ва Ибб, ки бо қисми ҷанубии пойтахт, шаҳри Санъо ҳаммарзанд, идома дорад. Неруҳои низомии Ҳукумати қонунии Яман тавонистаанд ноҳияҳои Атма ва Дамарро, ки дар тобеияти шаҳри Санъо мебошанд, пурра аз дасти гурӯҳи Ҳусиҳо озод намоянд.
Ёдовар мешавем, муноқишаҳо миёни гурӯҳи Ҳусиҳо ва неруҳои низомии президенти фирории Яман Абду Раббо Мансур Ҳодӣ аз охирҳои моҳи марти соли равон инҷониб идома доранд ва як қатор минтақаҳои ин кишвар аз ҷониби гурӯҳи иттиҳоди кишварҳои Шарқи Наздик мавриди ҳамлаҳои ҳавоӣ қарор гирифтаанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






