Меҳрномаи як нафар эҷодкор
Душанбе, 24.08.2015.(АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф).-«Ҳайкали тиллоӣ» чунин ном дорад, китоби ховаршинос Сайфиддин Акрамзода, ки бо теъдоди 10-ҳазор нусха тавассути нашриёти «Истеъдод» ба табъ расид. Дар китоб воқеаву ҳодисоти давраи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон рухдода ва он мушкилоту бадбахтиҳое, ки ба сари миллати мо омада ва бо ҷаҳду талошҳои қаҳрамононаи Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бартараф гардиданд, бо тариқи назм тасвир ёфтаанд.
Дар асар хизматҳои шоён, ободию бунёдкориҳо, таъмиру таҷдиди роҳҳо , ифтитоҳи нақбҳои афсонавӣ аз нуқтаи назари як нафар эҷодкор ба тасвир омадаанд. Муаллифи китоб шоир, сароянда ва олими ховаршинос Сайфиддин Акрамзода дар таҳкими дӯстии халқҳои Тоҷикистон ва Покистон хизмати арзанда кардааст.Ӯ ҳамроҳи фарзандаш дар шаҳри Лоҳури Покистон 120 сурудро бар ашъори алломаи Машриқзамин Муҳаммад Иқбол бо садои тору таблак сабти радиоӣ ва телевизионӣ намуда буд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






