Муфтӣ ба ҳоҷиён: Дар ҳаққи худ, ҷомеа ва Ватан дуогӯ бошед
Душанбе, 29.08.2015 (АМИТ «Ховар»).-Аввалин гурӯҳи ҳоҷиёни Тоҷикистон 29-уми август аз Душанбе ба самти Мадинаи мунаввара сафар намуданд. Ин гурӯҳи ҳоҷиёнро ширкати ватании “Сомон-эйр” интиқол намуд. Дар расми хайрухуш бо аввалин гурӯҳи зоирон Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода ва Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода иштирок намуда, ҳоҷиёнро ба ин муносибат муборакбод гуфтанд.
Аз ҷумла, Раиси Кумита Сулаймон Давлатзода иброз дошт, ки маҳз бо шарофати пойдории сулҳу субот дар ҷомеаи кишвар ва дастгириҳои пайвастаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз шаҳрвандони Тоҷикистон дар радифи соири мусулмонони дунё рукни панҷуми исломро бемамониат адо менамоянд ва эшон бояд дар мавсими ҳаҷи имсола бо рафтору одоби накӯ ва таҳаммулпазирии хосси тоҷикона Тоҷикистонро миёни дигар кишварҳои мусулмонӣ муаррифӣ намоянд.
Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода дар хусуси бархе аз фароизи маносики ҳаҷ сухан гуфта, аз зоирон даъват намуд, то дар сарзамини ваҳй дар ҳаққи худ, ҷомеа ва Ватан дуогӯ бошанд.
Гурӯҳи аввали зоирон пас аз панҷ соати парвоз бо муваффақият ба Мадинаи мунаввара расида, хуш истиқбол ёфтаву дар меҳмонхонаҳои дорои шароити хеле хуб ҷойгир шудаанд.
Дар ин бора Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






