Мукофоти пулӣ ба варзишгарон
Душанбе, 11.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Бахшида ба Рӯзи варзишгарон дар шаҳри Хуҷанд, дар Кохи Рӯдакӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Варзишгарони вилоятро муовини раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ табрик гуфта таъкид намуд, ки бо дастгирии роҳбарияти мамлакат варзиш дар ҷумҳурӣ ба ҷузъи таркибӣ ва арзишманди фарҳанги миллӣ табдил ёфтааст. Зеро рушду нумӯи варзиш омили муҳими солим будани аҳли ҷомеа дониста мешавад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2014 дар вилояти Суғд 66 мусобиқоти вилоятӣ, 29 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва 4 чорабинии сатҳи байналмилалӣ баргузор шуда буд, ки дар онҳо 1 ҳазору 668 варзишгар, аз ҷумла 264 бонуи вилоят иштирок карда, 1471 медали варзишӣ ба даст оварданд. 325 варзишгар аз вилояти Суғд дар 48 мусобиқоти ҷаҳонӣ иштирок карда бо 193 медал, аз ҷумла 42 медали тилло ба Ватан баргаштаанд. Нишондиҳандаҳои имсола низ кам нестанд, чунончӣ дар шаш моҳи соли равон варзишгарони вилоят дар ҳайати тими Тоҷикистон дар 22 мусобиқоти сатҳи ҷаҳонӣ ширкат варзида, сазовори 17 медали тилло, 9 медали нуқра ва 25 медали биринҷӣ гардидаанд.
Дар чорабинии тантанавӣ аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба 50 варзишгари комёб, мураббиён ва собиқадорони соҳа мукофотҳои пулӣ 500 — 2000 сомонӣ тақдим карда шуд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти вилояти Суғд иттилоъ доданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






