Мулло Маҳмадазим безарар гардонида шуд

Август 17, 2015 06:29

Душанбе, 17.08.2015 (АМИТ «Ховар».)- Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боз як ҳодисаи ба ҳудуди Тоҷикистон ворид шудани маводи мухаддирро пешгирӣ карданд. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дода шуд, кормандони КДАМ барои санҷиши маълумоти дастрасшуда дар бораи он ки гурӯҳи нашъаҷаллобон ният доранд аз ҳудуди Афғонистон ба навоҳии Ҳамадонӣ ва Фархори вилояти Хатлон маводи мухаддир ворид созанд, як қатор чорабиниҳоро амалӣ карданд. Дар натиҷаи роҳандозии тадбирҳои зарурӣ, ҳангоми аз назаргузаронии ҳавзи моҳидории рақами 3-юми ноҳияи Ҳамадонӣ 6 халтаи полиэтиленӣ бо 12 кг 900 гр. героин, 34 кг 50 гр. афюн ва 86 кг 500 гр. ҳашиш дарёфт ва мусодира шуд. 
Ҳангоми роҳандозии чорабинии махсуси минбаъда барои боздошт кардани нашъаҷаллобон дар ҳудуди ноҳияи Фархор, қочоқбарон ба амри иштирокдорони амалиёт, оид ба таслим шудан, итоат накарда, ба сӯйи кормандони КДАМ оташ кушоданд. Дар натиҷаи тирпарронии ҷавобӣ қочоқбари ашаддӣ, мулло Маҳмадазим валади Ҳоҷибадал безарар гардонида шуд. Дар ҷойи ҳодиса 1 автомати Калашников, 3 тирдон бо 70 дона тир,  8 кг 200 гр. афюн ва 1 кг 200 гр. бангдона дарёфт ва мусодира гардид. 
Мавриди зикр аст, ки нисбат ба ин гурӯҳи ҷиноятӣ аз тарафи кормандони мақомоти амниятӣ ҳанӯз 5-уми майи соли равон амалиёт гузаронида шуда буд. Он вақт қочоқбарон бо истифода аз торикии шаб, 146 кг. маводи мухаддирро дар ҷойи ҳодиса партофта, ба қаламрави Афғонистон фирор карда буданд.   
Ҳамчунин дар ҷараёни амалиёти дигари кормандони КДАМ дар ҳудуди яке аз минтақаҳои наздисарҳадии ноҳияи Ҳамадонӣ 1 борхалта бо 12 кг 166 гр. ҳашиш, 1 адад гулӯлапартои тамғаи «ПГ-7В» ва 2 қаиқи худсохт, ки нашъаҷаллобон барои гузаштан аз дарёи Панҷ истифода мебаранд, бозёфт ва мусодира карда шуд. 
Вобаста ба ҳодисаҳои зикршуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

 

Август 17, 2015 06:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!