Мулоқот бо намояндагони корпоратсияҳои Ҷопон
Душанбе, 27.08.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дар мулоқоти муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Умед Латифов бо намояндагони Бонки ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JBIC), Корпоратсияи NEC (Ҷопон) дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз, OGAWA Seiki Co., LTD (Ҷопон) дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ва INVERSON TECHNOLOGIES SA-и Швейтсария дар Тоҷикистон, ки 26 август доир гардид, масъалаҳо оид ба маблағгузории лоиҳаҳои вобаста ба сохтмон ва таҷдиди инфрасохторҳои Тоҷикистон бо ҷалби грантҳо, қарзҳои дарозмуддат ва сармоягузории Бонки давлатии Ҷопон ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Тавре ки аз Бонки миллӣ хабар доданд, намояндаи Ширкати NEC Ҷопон дар ҷараёни вохӯрӣ иброз дошт, ки минбаъд бо мақсади маблағгузории лоиҳаҳо дар Тоҷикистон ният доранд ҳамкориҳои дуҷонибаи судмандро дар байни Бонки ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JBIC) ва низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Бонки миллии Тоҷикистон ба роҳ монанд. Ёдовар мешавем, ки Бонки ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон моҳи октябри соли 1999 дар асоси якҷояшавии Бонки содиротию воридотии Ҷопон (Эксимбанк) ва Хазинаи байналмилалии ҳамкориҳои иқтисодӣ ташкил шуда, муассисаи молиявиест, ки ба Ҳукумати Ҷопон тааллуқ дорад. Ширкати NEC бошад, яке аз бузургтарин ширкатҳои дунё маҳсуб ёфта, ба истеҳсоли асбобҳои электронӣ, таҷҳизоти компютерӣ ва телекоммуникатсионӣ машғул мебошад. Гардиши солонаи ширкати мазкур дар як сол 50 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






