Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо фармондеҳи Фармондеҳии марказии ИМА

Август 27, 2015 06:47

Душанбе, 27.08.2015. (АМИТ “Ховар”). — Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон фармондеҳи Фармондеҳии марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) генерал Ллойд Остин III – ро ба ҳузур пазируфт.  
Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Амрико, пеш аз ҳама дар соҳаҳои мудофиа ва амнияти минтақавӣ баррасӣ шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат, аз ҷумла изҳор дошт: “Имрӯз рӯзномаи дуҷонибаи байнидавлатии Тоҷикистону Амрико масъалаҳои гуногунро фаро мегирад, вале дар миёни онҳо мавзӯъҳои гуногуни марбут ба таъмини сулҳу субот дар минтақаи мо ҷойгоҳи хоса доранд, зеро онҳо дорои иртиботи қавӣ бо вазъи Афғонистон мебошанд”.
Ллойд Остин III ба саҳми Тоҷикистон дар таъмини амну субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва мусоидати он ба неруҳои байналмилалии посдори сулҳ дар Афғонистон баҳои баланд дода, аз номи роҳбарияти кишвари Амрико ба Сарвари давлат ва  мардуми Тоҷикистон арзи сипос намуд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон бо мавқеи калидии худ дар минтақа ва марзи тӯлонияш бо Афғонистон дар саргаҳи пешгирӣ аз доман паҳн намудани терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир  ва дигар хатарҳои ҷиддӣ қарор дорад.
Фармондеҳи Фармондеҳии марказии ИМА бори дигар мавқеи устувори Амрикоро дар роҳи дастгирии пайваста аз ҷаҳду талоши Тоҷикистон барои ҳифз ва таҳкими суботи иҷтимоию сиёсӣ, таъмини рушди иқтисодӣ ва густариши ҳамкории босамари минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ таъкид дошт.
Дар мулоқот ҳамчунин доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои авзоъ дар минтақаҳои доғи Ховари Миёна, андешидани чораҳои муштараки пешгирикунанда аз таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯй сурат гирифт.

 

Август 27, 2015 06:47

Хабарҳои дигари ин бахш

16 июл дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар корхонаҳои саноатии ноҳияи Шоҳмансур ба маблағи беш аз 600 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
15 июл дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хоҷагии ҷангал, Палатаи савдо ва саноат ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
14 июл дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хоҷагии ҷангал, Палатаи савдо ва саноат ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ширкатҳои сохтмонии ҶСК Неругоҳи барқи обии «Роғун» 1120 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба истироҳатгоҳи «Ҳамсафар» зиёда аз 300 кӯдак ҷалб мешавад