Мулоқоти Н. Зоҳидӣ бо сафирони Афғонистон ва Покистон
Душанбе, 28.08.2015 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз, 28-уми августи соли 2015 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ сафирони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷаноби Абдуғафур Орзу ва Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаноби Тариқ Иқбол Сумроро ба ҳузур пазируфт. Зимни мулоқот сафирони кишварҳои дӯст ба муовини вазири корҳои хориҷӣ даъватномаи муштараки вазири корҳои хориҷии Ҷумуҳрии Исломии Афғонистон ҷаноби Салоҳиддин Раббонӣ ва мушовири нахуствазири Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба корҳои амнияти миллӣ ва хориҷӣ ҷаноби Сартоҷ Азизро унвонии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов барои иштирок дар Конфронси вазирони Қалби Осиё-Раванди Истамбул, ки 8 декабри соли ҷорӣ дар Исломобод зери унвони “як минтақаи осоишта, устувор, муттаҳид ва шукуфон” баргузор мегардад, супориданд. Муовини вазири корҳои хориҷӣ аҳамияти раванди мазкурро дар таъйини самтҳои афзалиятноки минтақавӣ бо Афғонистон баланд арзёбӣ намуда, минатдории худро барои даъвати ҷониби Тоҷикистон барои иштирок дар чорабинии мазкур изҳор намуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






