Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо сафирони Туркия ва Ҳиндустон
Душанбе, 12.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мехмет Мунис Дирик бинобар сабаби анҷом ёфтани ваколати дипломатияш мулоқот кард.
Дар мулоқот доир ба вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркия дар соҳаҳои иқтисоду савдо, илму техника ва фарҳангу маориф табодули афкор сурат гирифт.
Сарвазири мамлакат ба Мехмет Мунис Дирик барои фаъолияти пурсамар ва нақши созанда дар таҳкими робитаҳои дуҷониба сипосу минатдорӣ баён карда, изҳори боварӣ намуд, ки дар оянда низ муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркия дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ рушду таҳким хоҳанд ёфт.
Ҳамчунин имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аситх Кумар Бхаттачарджи бинобар анҷом ёфтани муҳлати сафирӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот кард.
Қоҳир Расулзода ва Аситх Кумар Бҳаттачарджи доир ба натиҷаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, маориф ва тандурустӣ табодули афкор намуда, изҳори боварӣ карданд, ки дар оянда имконоту захираҳои мавҷуда барои рушду таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҳиндустон самаранок истифода бурда мешаванд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






