Мулоқоти ошкоро бо занони фаъоли минтақаи Кӯлоб
Душанбе, 21.08.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Дар доираи як сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Махфират Хидирзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила ва Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо доираи васеи занони фаъоли шаҳр суҳбати озоду ошкоро анҷом доданд.
Наврӯз Қурбонов,мутахассиси пешбари бахши таҳлил ва иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар дод, ки дар ин вохӯрӣ масъулини Кумитаҳо зимни сӯҳбаташон нақши занону модаронро дар пешрафти ҷомеа муҳим арзёбӣ карда, таъкид доштанд, ки таълиму тарбияи фарзанд, солим ва дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ ба воя расонидани насли наврас ва ҷавонон аз занони фаъол вобастагии калон дорад.
Дар ин робита онҳо аз модарон даъват ба амал оварданд, ки дар тарбияи фарзандон бетаваҷҷуҳ набошанд ва барои пешгирии онҳо аз гаравидан ба гуруҳҳои тундрав тадбирҳои заруриро андешанд.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки барои ҳалли мушкилоти дар ҷомеа пайдо гардида, бояд тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ дар якҷоягӣ талош варзанд.
Дар охир суолу ҷавоби занон бо раисони Кумитаҳои мазкур сурат гирифт ва занони фаъол таклифу пешниҳодҳои ҷолиби худро тариқи хаттӣ ва шифоҳӣ ба самъи масъулин расониданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






