Мунтахаби Футзали Тоҷикистон таҷриба меандозад
Душанбе, 07.08.2015 (АМИТ «Ховар», Меҳрони Қурбон)-Дар доираи омодагӣ марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон рӯзи 6 август дар Дубай бо дастаи мунтахаби миллии футзали Аморати Муттаҳидаи Араб вохӯрии дӯстона гузаронид. Бозӣ хеле шавқовар сурат гирифта бо ҳисоби 5 бар 3 ба фоидаи соҳибони майдон анҷом ёфт.
Хотирасон менамоем, ки голҳои дастаи мунтахаби футзали моро Шавкат Ҳалимов, Шерзод Ҷумаев ва Некрӯз Алимаҳмадов ба ҳадаф расониданд.
Бояд зикр кард, ки дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо чунин ҳайат бозиро оғоз кард: Фирӯз Бекмуродов — Шерзод Ҷумаев (капитан), Раҳмоналӣ Шарипов, Маҳаммад Раҳмонов, ва Ораз Ализода .
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 8 август дастаҳои мунтахаби миллии Аморати Муттаҳидаи Араб ва Тоҷикистон боз як бори дигар бо ҳам рақобат мекунанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






