Муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ
Душанбе, 06.08.2015. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Дирӯз, 5 октябри соли равон дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативию-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ дастгир карда шуд.
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии кишвар,гумонбаршуда аз моҳи май то инҷониб дар нуқтаи мубодилаи асъор, воқеъ дар бозори “Корвон”, ҳамчун хазинадор ғайриқонунӣ, бидуни бақайдгирӣ ва иҷозатномаи махсус ба муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ ба миқдори калон машғул шудааст. Инчунин гумонбаршуда барои анҷом додани амалиёти ҳаррӯзааш аз бонк 50000-сомонӣ гирифта, бо ин қонеъ нашуда аз ҳисоби маблағҳои шахсии худ 31815-доллари ИМА, 1477800-рубли ФР, 8000-Эвро, 582-юани ҶХХ ва 11343-сомониро ғайриқонунӣ ба муомилот баровардааст.
Дар нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






