Муштзанони тоҷик дар чемпионати Осиё

Август 11, 2015 05:01

Душанбе, 11.08.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии кишвар, муштзанҳои тоҷик Мавзуна Чориева ва Шоира Зулқарнаева ба даври ниманиҳоии чемпионати Осиё оид ба бокс дар миёни занон, ки дар шаҳри Уланчаби Чин ҷараён дорад, роҳ ёфтанд. Ҳарду муштзани тоҷик, ки барои худ  аллакай медалҳои биринҷиро таъмин намуданд, дар даври ниманиҳоӣ барои роҳ ёфтан ба финал мубориза мебаранд. 
Ба иттилои манбаъ, Мавзуна Чориева, барандаи медалҳои биринҷии Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2012 дар Лондон ва чемпионати ҷаҳон, қаҳрамони Осиё дар соли 2010, дар рақобатҳо дар вазни 60 кило баъди ду пирӯзӣ бар рақибонаш аз Шри-Ланка ва Узбакистон ба нимфинал баромад. Дар қувваозмоии ниманиҳоӣ Мавзуна бо муштзани Кореяи Шимолӣ рақобат мекунад. 
Намояндаи дигари Тоҷикистон Шоира Зулқарнаева, дар вазни 64 кг, рақиби муғулашро шикаст дод ва дар даври ниманиҳоӣ бо варзишгардухтари Чин вориди рақобат мешавад. 
Ба ҳайати дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон чаҳор варзишгар — Дилафрӯз Зафарова (48 кг), Рухшона Раҳмонзода (54 кг), Мавзуна Чориева (60 кг), Шоира Зулқарнаева (64 кг) ва мураббиён Ҷамшед Султонов ва Мирзо Шамсиев шомиланд. Зафарова ва Раҳмонзода дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум шуданд. 
Даври ниманиҳоӣ рӯзи 12 август ва қувваозмоиҳои ниҳоӣ 13 августи соли равон баргузор мешаванд.  
Ин мусобиқаи қитъавӣ барои муштзанҳои Осиё имтиҳонест пеш аз чемпионати ҷаҳон миёни занон, ки моҳи феврали соли 2016 дар шаҳри Алматии Қазоқистон барпо мегардад.

 

Август 11, 2015 05:01

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд