Мусобиқоти варзишӣ барои дарёфти Ҷоми фармондеҳ
Душанбе, 19.08.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Фардо, 20 август дар байни қисмҳои низомии Гвардияи миллии Ҷумҳури Тоҷикистон мусобиқаҳои варзишӣ барои дарёфти Ҷоми фармондеҳи Гвардияи миллӣ оғоз меёбад.
Аз шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи Гвардияи миллии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки мусобиқоти варзишӣ ба ифтихори 20-умин солгарди таъсиси Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Дар мусобиқаҳои варзишӣ сарбозону афсарон ва беҳтарин варзишгарон аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш, назири футболу волейбол, якҳарбаи шарқӣ, гулӯлабардорӣ, зинабароӣ бо чӯб, турниккашӣ, бандкашӣ, тирпаронӣ ва гуштини миллӣ қувваозмоӣ менамоянд. Тарғиби тарзи ҳаёти солим, дар рӯҳияи чолокию шуҷоатмандӣ ва садоқатмандона ба Ватан -Модар хизмат кардан аз ҳадафҳои асосии мусобиқоти варзишист.
Ҳамзамон дар доираи истиқболи сазовори ҷашни 20-солагии таъсиси ин сохтори қудратӣ тибқи нақшаи ягонаи фармондеҳии Гвардияи миллӣ дар қисмҳои ҳарбӣ ва дигар ҷузъу томҳои ин ниҳоди мустақили ҳарбӣ чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ идома дорад. Доир намудани викторина — санҷиши зеҳнӣ дар бораи таърихи 20-солаи ниҳоди мазкур аз ҳамин қабил аст. Дар асоси низомнома ба саволҳои викторина иштирокдорон — сарбозону сержантҳо ҷавоб дода, соҳиби холҳо мешаванд. Баъдан дастаҳои ғолиб ва иштирокчиёни беҳтарин аз рӯи натиҷаи холҳои бештар муайян мегарданд. Алҳол ин чорабиниҳо хеле шавқовар ҷараён дошта, ғолибони викторина ва мусобиқаҳои варзишӣ дар рӯзи таҷлили ҷашни 20-солагии таъсиси Гвардияи миллӣ бо ифтихорномаю туҳфаҳои арзишнок ва дастаҳои ғолиб бо Ҷоми фармондеҳи Гвардияи миллӣ сарфароз мегарданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






