Мусодираи 132 килло ҳашиш
Душанбе, 13.08.2015. (АМИТ «Ховар»).-Аз тарафи кормандони мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ду гурӯҳи муташакили ҷинояткори нашъаҷаллоб, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ ба хариду фурӯш ва интиқоли маводи нашъадор даст доштанд, дастгир шуданд.
Тибқи иттилои Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми гузаронидани амалиёти фаврӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Кишвар валади Ҷаъфар, соли таваллудаш 1952, сокини вилояти Тахор, улусволии Чаёб; Шероғо валади Сардормуҳаммад, соли таваллудаш 1972, сокини вилояти Тахор, улусволии Янгиқалъа; Рӯзмуҳаммад Байлар, соли таваллудаш 1976, сокини вилояти Қундуз, улусволии Қалъаи Зол ва Муҳаммадёқуб валади Ғаффор, соли таваллудаш 1971, сокини вилояти Тахор, улусволии Чаёб бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан калон дастгир шуда, аз воситаи нақлиёти тамғаи Опел Сатурни онҳо се халтаи калон дарёфт ва мусодира шуд, ки дар онҳо 104 адад бастаҳои навъи ҳашиш бо вазни умумми 83 килою 548 грамм мавчуд буд.
¬Инчунин дар ҳудуди маҳаллаи Ховарони шаҳри Душанбе шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Азим валади Султон Муҳаммад, соли таваллудаш 1974, сокини вилояти Тахор ва шаҳрванди Тоҷикистон Ҳикматов Ҳусниддин Маҳмадиевич соли таваллудаш 1981 бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир шуданд.
Ҳангоми кофтукови воситаи нақлиёти тамғаи Мерседес Бенс аз бағоҷи автомашинаи мазкур дар ду халтаи калон 50 адад бастаҳои селофанпечи бӯиғализдошта дарёфт гардид, ки тибқи маълумотномаи коршиносон вазни холиси он 48 килою 620 граммро ташкил дода, ба маводи нашъаовари навъи “ҳашиш” мансуб мебошад.
Нисбат ба шахсони қонуншикан, дар асоси моддаи 200, қисми 4, КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, барои тафтишоти минбаъда ба мақомоти Прокуратура ирсол карда шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






