Мусодираи қариб 30 кило героин аз ҷониби кормандони милитсия
Душанбе, 01.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Аз ҷониби кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиёт 30 июл зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар роҳи мошингарди кӯчаи А.Ҷомии шаҳри Душанбе, наздикии бозорчаи маҳаллаи 46, автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда, марди 44-солаи сокини Душанбе боздошт карда шуд.
Ҳангоми азназаргузаронии автомашинаи мазкур кормандони оперативӣ аз бордонаш 3-адад пакети селофанӣ, ки дар дохилаш маводи мухаддир нигоҳ дошта мешуд, дарёфт намуданд.
Мувофиқи ташхиси криминалистӣ маводи мусодирагардида ба маводи сахттаъсири героин мансуб буда, вазни умумиашон 29 килою 240 граммро ташкил медиҳад.
Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






