Мусодираи беш аз 6 килло ҳашиш
Душанбе, 26.08.2015 (АМИТ «Ховар»).- Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар як рӯз беш аз 6 кг маводи нашъадори ҳашиш дарёфт намуданд.
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, 25-уми августи соли равон зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар ҳудуди шаҳри Чкалов марди 25-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, ки пеш бо моддаи 357 Кодекст ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дастгир гардид.
Ҳангоми кофтуков аз гумонбаршуда 5 кг 690 грамм маводи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуд.
Ҳамчунин дар ин рӯз, аз ҷониби кормандони милитсия зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров марди 29-солаи сокини шаҳри Хуҷанд ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор дастгир шуд.
Ҳангоми кофтуков аз гумонбаршуда 700,5 грамм маводи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуд.
Нисбати далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






