Нақшаи кишти такрорӣ иҷро мешавад

Август 6, 2015 06:43

Душанбе, 6.08.2015. (АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф).- Ҳадафи асосии деҳқонони ҷумҳурӣ саҳми арзанда гузоштан, дар таъмини амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва ба ин васила гирифтани дастмузди хуб аст. Ҳамаи деҳқонон барои он сайю кушиш доранд, ки аз ҳар ваҷаб замин самаранок истифода бурда, ҳосили дилхоҳ рӯёнанд. Ин аст, ки нақшаи кишти такрорӣ дар ҷумҳурӣ то 4 август 98 фоиз таъмин гардидааст. Деҳқонони баъзе шаҳру ноҳияҳо масалан деҳқонони шаҳри Турсунзода нақшаро 113 фоиз, ноҳияи Кубодиён 147 фоиз, Мӯминобод 154 фоиз иҷро карданд.
Аммо деҳқонони баъзе шаҳру ноҳияҳо ҳанӯз аз ӯҳдаи иҷрои дурнамо набаромадаанд. Аз ҷумла, деҳқонони ноҳияи Рӯдакӣ то имрӯз 75 фоизи нақшаро иҷро карданд. 
Сардори  Раёсати кишоварзии ноҳияи Рӯдакӣ Файзалӣ Шокиров сабаби инро дар гарм омадани боду ҳаво шарҳ дод. Ӯ авфзуд: «Мо кишти баъзе сабзавот, аз ҷумла турбу шалғамро каме мавқуф гузоштем ва рӯзҳои наздик дар фурсати муносиб, тибқи тадбирҳои агротехникӣ сабзавоти мазкурро кишт хоҳем кард. Яъне мо ҳам ба хотири иҷрои нақша ва ҳам барои ҳосили дилхоҳ  рӯёндан сайю кӯшиш дорем». 

Август 6, 2015 06:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд