Нақшаи кишти такрорӣ иҷро шуд

Август 13, 2015 03:40

Душанбе, 13.08.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Мувофиқи нақша соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ дар майдони 74700 гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузаронида мешавад. Тибқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии вазорат то 7 июли соли равон дар хоҷагии деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дар майдони 74700 гектар кишти такрории зироатҳои ғалладона, ҷуворимакка барои дон, шолӣ, картошка, сабзавот, полезиҳо, зироатҳои техникӣ ва хўроки чорво гузаронида шудааст, ки баробари 100 фоизи нақша буда, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6105 гектар зиёд мебошад.
Тибқи иттилои Вазорати кишоварзӣ, дар ҷумҳурӣ кишоварзони вилояти Хатлон аввалин шуда нақшаи кишти такрориро 103,2 фоиз таъмин намуданд. Онҳо ба ҷои 49310 гектарӣ дар нақша нишондодашуда, дар майдони 47778 гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзиро гузарониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4132 гектар зиёд мебошад. Кишоварзони ноҳияҳои Қумсангир, Қубодиён, Ҷиликул, Муминобод, Носири Хисрав ва Бохтар аз нақшаи нишондодашуда зиёдтар кишти такрории зироатҳоро гузаронида, дар вилоят пешсаф мебошанд. 
Дар вилояти Суғд низ нақшаи кишти такрорӣ 98,2 фоиз таъмин карда шудааст. Дар вилоят нақшаи кишти такрорӣ 14500 гектар буда, айни замон дар майдони 14234 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3613 гектар зиёд мебошад. Кишоварзони ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Конибодом, Мастчоҳ ва Спитамен дар вилоят пешсаф буда, нақшаи кишти такрориро сари вақт таъмин намуданд. 

Август 13, 2015 03:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад