Намоишгоҳи панҷуми «Китоби Душанбе»
Душанбе, 24.08.2015.(АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф).- Рӯзҳои 4 ва 6 сентябр бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон намоишгоҳи панҷуми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад. Тантанаҳои идона дар саҳни Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ оғоз мешаванд. Дар назар аст, ки меҳмонон аз Ҷумҳурии исломии Афғонистон, Ҷумҳурии исломии Эрон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Беларус ва ғайраҳо иштирок намоянд.
Иштирокчиёни намоиши «Китоби Душанбе» дар чорабиниҳои Китобхонаи миллӣ , Боғи устод Рӯдакӣ ва дигар мавзеъҳои дилпазири шаҳр ширкат хоҳанд кард.
Тибқи иттилои директори намоишгоҳи панҷуми байналмилалии «Китоби Душанбе» Абдуфаттоҳ Мираҳмадов бахшида ба 70-солагии шоири халқии Тоҷикистон Сафармуҳаммад Айюбӣ як конфронси илмию адабӣ низ доир мегардад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






