Нашри маҷмӯаи мақолаҳо дар бораи ифротгароии салафӣ
Душанбе, 28.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Маҷмӯи «Мақолаҳо дар бораи ифротгароии салафӣ» дар таҳияи Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нашриёти «Дониш»-и Академияи илмҳои Тоҷикистон бо тиражи 500 нусха дар ҳаҷми 218 саҳифа ба табъ расид.
Тавре аз Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ин маҷмӯа асосан мақолаҳое ҷой дода шудаанд, ки ҳангоми баргузории Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии «Ифрот¬га¬роии салафӣ: масъалаҳои давлатдо¬рии дунявӣ ва ҳиф¬зи ҳувияти миллӣ» (ш. Душанбе, 27 майи соли 2015) пешниҳод гардида буданд. Ҷанбବҳои мухталифи пайдоиш ва паҳншавии ҳаракати салафия, тобишҳои сиёсии он дар замо¬ни муосир, заминаҳои ихтилофи фиқҳӣ ва эътиқодии он бо мазҳабҳои маъмул дар киш¬вар-ҳои исломӣ, ҷустуҷӯи роҳҳои назариявию амалии бартараф кардани зуҳуроти бегонаи иф¬ротгароӣ ва пешгирии густариши он дар фазои сиёсӣ-иҷтимоӣ ва фарҳанги динии Ҷум¬ҳурии Тоҷикистон андаруни 19 мақолаи илмӣ мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор гириф¬таанд.
Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори умедворӣ кардааст, ки маводи ин китоб барои муҳақкиқони бахшҳои диншиносӣ, шарқ¬¬ши¬носӣ, сиёсатшиносӣ, таъриху адабиёт ва оммаи васеи хонандагон муфид хоҳад буд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






