Натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Туркманистон
Душанбе, 20.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Идомаи суҳбати созандаи сатҳи олӣ зимни музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифт.
Дар мулоқоту музокироти сатҳи олӣ маҷмӯи васеи масоили вобаста ба густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, илмию маърифатӣ ва фарҳангӣ баррасӣ шуда, тавофуқоти зиёд ҳосил гардид.
Ду кишвари дӯст тасмим доранд, ки ҳамгироии худро дар масоили таъмини амнияту суботи минтақавӣ, экология ва ҳифзи муҳити зист, истифодаи босамари захираҳои обию энергетикӣ ва пешгирӣ аз тағйирёбии иқлим густариш диҳанд.
Густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёт аз самтҳои стратегии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ номида шуд.
Ду ҷониб ба мувофиқа расиданд, ки фаъолияти комиссисяи байниҳукуматӣ доир ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ ва Шӯрои соҳибкории ду кишвар ҷоннок карда шавад.
Тибқи масъалагузориҳои Президенти Тоҷикистон, ки аз ҷониби Президенти Туркманистон пазируфта шуд, ояндаи наздик миёни Душанбею Ашхобод бояд хатсайри мустақими ҳавоӣ боз гардад, шумораи квотаҳои президентии ду кишвар барои таҳсили донишҷӯён дар муассисаҳои таҳсилоти олии ҳамдигар афзун гардад. Минбаъд донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи байналмилалии нафту гази Туркманистон ҳам таҳсил хоҳанд кард. Масъалаи рафтуомади бераводиди дорандагони шиносномаҳои хизматӣ низ ҳалли худро меёбад. Робитаҳо дар соҳаи тандурустӣ ва саноати тиббӣ низ густариш хоҳанд ёфт.
Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, ки моҳи декабри соли равон ба Ашхобод барои иштирок дар тантанаҳои 20-солагии эълони “Бетарафии доимии Туркманистон” ташриф биёрад.
Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ аз Гурбонгулӣ Бердимущаммадов даъват намуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад. Ҳарду даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.
Аз рӯи натиҷаҳои мулоқоти музокирот 5 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:
— Ёддошти тафоҳум миёни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи давлатии Маркази фарҳанги давлатии Вазорати фарҳанги Туркманистон дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ;
— Созишномаи ҳамкорӣ миёни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии телевизион, радио ва кинематографияи Туркманистон;
— Созишномаи ҳамкорӣ миёни вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва саноати тиббии Туркманистон;
— Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон барои солҳои 2016-2017;
— Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов.
Сипас сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо изҳороти матбуотӣ ба хабарнигорони дохилию хориҷӣ муроҷиат карда, ба натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ баҳои баланд доданд. Аз ҷумла тазаккур дода шуд, ки кунун муносиботи ду кишварро беш аз 75 санади ҳамкорӣ танзим хоҳанд кард.
МАВОДҲО ДОИР БА МАВЗӮЪ:
Cафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Ашхобод, пойтахти Туркманистон шуд
Оғози сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Туркманистон
Натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Туркманистон
Имзои 5 санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Туркманистон
Миёни Душанбею Ашхобод хатсайри мустақими ҳавоӣ боз мегардад
Минбаъд донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи байналмилалии нафту гази Туркманистон таҳсил мекунанд
Туркманистон яке аз мавқеъҳои афзалиятнокро дар стратегияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон ишғол мекунад
Омодагии Тоҷикистон ба ҳалли муштараки масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ ва таъмини амният дар минтақа








Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикаи Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид
Ҷалби сармояи Чин ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад






