Натиҷа ва интизории ду бозии даври чорякниҳоии Ҷоми АFC
Душанбе, 26.08.2015 (АМИТ «Ховар»).-Ду бозии аввали чаҳорякниҳоии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) шоми 25 август ба поён расид. «Ҷоҳор Дарул Такзим»-и Малайзия бар тими меҳмон «Саут Чайна»-и Ҳонконг бо ҳисоби 3-0 ғолиб омад ва «Ал-Қодсия»-и Кувайт бозиро дар майдони худ бо «Ал-Ҷайш»-и Сурия бо ҳисоби 1-1 анҷом дод.
Ду бозии дигари чаҳорякниҳоии Ҷоми AFC шоми имрӯз, 26 август, байни дастаҳои «Истиқлол»-и Тоҷикистон — «Паҳанг”-и Малайзия ва «Кувайт»-и Кувайт — «Китчӣ»-и Ҳонконг барпо мегардад.
Ёдрас мешавем, бозии «Истиқлол» ва «Паҳанг» дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 20:00 шурӯъ мешавад. Доварони ин бозӣ аз Урдун мебошанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






