Навои «Шашмақом» садои ниёкони мо аз қарнҳост
Душанбе, 12.08.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-«Яке аз паҳлӯҳои муҳими сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушд ва пешбурди фарҳанги миллӣ, шинос намудани ҷаҳониён ба дастовардҳои фарҳангист». Ин нуктаро 12 август Шамсиддин Орумбекзода-вазири фарҳанги ҷумҳурӣ зимни ифтитоҳи сӯҳбати мизи гирд дар мавзӯи «Шашмақом ҳамчун шоҳкории халқи тоҷик: вазъ ва рушди минбаъда» баён дошт. Вазири фарҳанг афзуд, ки барои эҳё ва рушди санъати анъанавии миллӣ, хусусан «Шашмақом» ва «Фалак» Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоянд. Зикр шуд, ки мусиқии классикии тоҷик -«Шашмақом» ҳамчун шоҳкории фарҳанги башарият пазируфта шудааст. Ш. Орумбекзода гуфт, ки бо ташаббуси Ҳукумати кишвар барои эҳё ва тарғибу ташвиқи мусиқии классикӣ корҳои назаррас ба сомон расонида шудааст. Таъсиси Консерваторияи миллӣ, ба коллеҷҳо табдил додани иддае аз муассисаҳои таълимии мусиқӣ, ташкили ансамблҳои давлатии «Шашмақом» ва «Фалак», ҳамчун мероси нодири фарҳангии ҷаҳон ва намунаи беназири мусиқии эҷодию анъанавӣ, куллаи баландтарини мусиқии суннатии тоҷикон пазируфта шудани «Шашмақом» дар ҷаласаи ЮНЕСКО аз зумраи дастовардҳои фарҳанги миллӣ дар замони истиқлолият маҳсуб меёбад. Барои ҳифзи мероси санъати мусиқии «Шашмақом» ва мактаби ҳунарии Шашмақом» тадбирҳои муассир андешида мешаванд. Таъкид шуд, ки ҳадафи ин нишасти илмӣ таҳлили вазъ ва дурнамои яке аз шоҳкориҳои халқи тоҷик -санъати «Шашмақом» буда, он ба дарки моҳияти иҷтимоӣ ва дурнамои рушди санъати «Шашмақом ва «Фалак», муайян сохтани самту омилҳои асосии рушди «Шашмақом» нигаронида шудааст.
Дар нишаст устодони «Шашмақом, санъатшиносон, ҳофизону мутрибон ҳузур доштанд ва доир ба паҳлӯҳои гуногуни рушди санъати «Шашмақом», мактабҳои ҳунарии мақомҳои маҳаллии тоҷик, дуруст ба роҳ мондани низоми таълимии мактаби «Устод-шогирд» бо сабку услуби анъанавӣ ва фанҳои махсуси таълимии мусиқӣ дар раванди омӯзиши мусиқии анъанавии «Шашмақом» табодули назар намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






