Низомномаи стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид
Душанбе, 07.08.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул кард, ки тибқи он Низомномаи стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаву касбӣ тасдиқ гардид.
Қарори мазкур ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз 14 июли соли 2005 «Дар бораи таъсис додани стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони макатабҳои таҳсилоти умумӣ, литсейҳо гимназияҳо, омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ, омӯзишгоҳҳо, техникумҳо ва коллеҷҳо» қабул шуд. Тибқи банди дуюми қарори мазкур Низомномаи қаблӣ, ки ҳанӯз даҳ сол муқаддам, 1 августи соли 2005 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида буд, аз эътибор соқит дониста мешавад.
Хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои дар боло зикршуда, ки дорои рафтори намунавӣ, хониши аъло буда, дар корҳои ҷамъиятӣ , фаъолона иштирок менамоянд, довталабони асосии стипендияҳои президентӣ шуда метавонанд. Стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси озмун аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон ҳар сол таъин карда мешаванд. Дар асоси Низомномаи нав стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 240 хонандаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва 60 хонандаву донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ муқаррар гардидааст.
Аз Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки тибқи ин Низомнома аз якуми сентябр хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар як моҳ 378, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 630 ва аспирантон 756 сомонӣ аз стипендияҳои Президенти кишвар бархурдор хоҳанд шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






