Нуҳ соли маҳрумият аз озодӣ бар ивази як таппонча

Август 11, 2015 09:56

Душанбе, 11.08.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Сокини як ноҳияи ҷануби вилояти Хатлон Раҷабов Т. солҳои 1992-1995 таппончаи Макаровро бо нияти дар замони осоишта фурухтан, соҳиб шуда буд. 
Вай таппончаро дар ҳавлии манзили истиқоматиаш зери хок пинҳон намуда, ғайриқонунӣ нигоҳ медошт. Пас аз ба даст омадани сулҳ  касе аз силоҳи оташфишон инсифода намебурд ва  аз ҳамин сабаб  ин таппонча боз чанд соли дигар дар зери замин пинҳон монд.
Соли 2000 Раҷабов Т. барои роҳзанӣ ва даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ба муддати  15 сол аз озодӣ маҳрум шуда, моҳи апрели соли 2007 бо қонуни авф пеш аз мӯҳлат озод гардид. 
Ин иқдоми ҳукуматро Раҷабов қадрдонӣ накард ва мехост муфт маблағи калон ба даст орад, зеро дар хона чор фарзандаш гуруснагӣ мекашиданд.
Сол то сол қарзҳояш ҷамъ шуда, моҳи феврали соли 2015 Раҷабов Т. ба хулоса омад, ки  таппончаро ба маблағи 1000 доллари ИМА бифурӯшад. Бо ин мақсад саҳар ба шаҳри Қӯрғонтеппа сафар намуд. Кормандони фаврии Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Хатлон аз хусуси  муомилаи харидуфурӯш иттилоъ гирифта,  Раҷабовро дар дохили мошин  дастгир намуданд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ таппончаи тамғаи Макаров дарёфт гардид, ки тахминан бист сол ғайриқонунӣ нигоҳ дошта мешуд. Бино ба хулосаи экспертизаи баллистӣ, силоҳ дар ҳолати коршоям қарор дошт.
Инчунин ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ як баста бо маводи ҳашиш дарёфт гардид. Сипас кормандони фаврӣ манзили истиқоматии Раҷабовро кофтуков намуда,  аз дохили тафдони вайрона як баста маводи ҷигарранг ёфтанд.
Мутахассисони  Шуъбаи эксперизаи судии Раёсати Агентӣ муайян намуданд, ки маводи дарёфтшуда афюн буда, вазнаш 454,3 грамм мебошад.
Нисбат ба  ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида буд. Дар рафти тафтишот Раҷабов Т. нишон дод, ки тахминан моҳи январи соли 2015 дар шаҳри Душанбе рӯ ба рӯи бозори “Саховат” аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо Ҷамшед ном шахси ба тафтишот номаълум, миллаташ афғон дар як бастаи селофании рангаш сиёҳ як миқдор воситаҳои нашъадори навъи афюнро ғайриқонунӣ ба даст оварда, онҳоро ба хонааш интиқол дода, бо мақсади дар оянда ба каси дигар додан, дар дохили тафдон пинҳон намудааст.
Дар рафти тафтишот гуноҳи Раҷабов Т. пурра исбот гардид.
Пас аз ба анҷом расидани тафтишот Гурӯҳи тафтишотии Раёсати агентӣ дар вилояти Хатлон парвандаи ҷиноиро ба суд ирсол намуд.
Аз ҷониби Суди шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон ба Раҷабов Толиббек ҷазои ниҳоии маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлаи нӯҳ солу шаш моҳ бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш сахт таъин карда шуд.

 

Август 11, 2015 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид
Ҷалби сармояи Чин ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид