Оғози ҷаласаи вазирони адлияи СҲШ дар Душанбе
Душанбе, 18.08.2015 (АМИТ «Ховар») .- Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 3-юми вазирони адлияи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) оғоз гардид.
Дар ин ҷаласа вазирони адлияи кишварҳои аъзои СҲШ, аз ҷумла аз Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Чин, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон, инчунин намояндагони кишварҳои нозир иштирок доранд.
Масоили дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи волоияти қонун, таҳкими ҳамкорӣ миёни вазоратҳои адлия ва масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ дар ин ҷаласа муҳокима ва баррасӣ шаванд.
Дар анҷоми ҷаласа қабули баёнияи муштарак ва имзои созишнома дар бораи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои адлияи кишварҳои аъзои СҲШ дар назар аст.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






