Оғози конфронси байналмилалии туристӣ дар Душанбе
Душанбе, 29.08.2015 (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз, 29 август дар Китобхонаи миллӣ нахустин Конфронси байналмилалии туристӣ дар мавзӯи “Туризми Тоҷикистон: имкониятҳо ва заминаҳои нави ҳамкорӣ” ба кори худ оғоз кард.
Кори конфронси мазкурро раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Ахтам Абдуллозода ва муовини сарвазири кишвар Марҳабо Ҷабборӣ оғоз бахшида, иштирокдоронро бо имкониятҳо ва рушди туризми дохил ва хориҷи кишвар ошно намуданд.
Дар чорабинии мазкур доираи васеи коршиносони байналмилалӣ, мутахассисони соҳа, вазирони соҳаи туризми давлатҳои хориҷа, ташкилотҳои байналмилалӣ ва корпусҳои дипломатии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзида, доир ба мавзӯъҳои «Рушди туризм ҳадафи стратегӣ», роҳҳои тезтар амалӣ гардидани нақшаю чорабиниҳои Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм, нақши ассотсиатсияҳо дар рушди соҳаи сайёҳӣ ва дигар мавзӯъҳои имкониятҳои туристӣ маърӯза намуданд.
Конфронси мазкур имрӯз ва пагоҳ, -30 август идома хоҳад кард. Ҳамчунин дар доираи ин чорабинӣ дар Боғи Ирами пойтахт Фестивали сайёҳию фарҳангии “Мероси роҳи Абрешим” доир мегардад, ки дар он кишварҳои иштирокдор гӯшаҳои туристии худро пешкаши меҳмонон мегардонанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






