Оғози машқҳои махсуси тактикии “Гром-2015” дар Тоҷикистон
Душанбе, 26.08.2015 (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз, 27-уми август дар машқгоҳи Вазорати мудофиаи ҶТ “Фахробод” намоиши машқҳои махсуси тактикии “Гром-2015” оғоз гардид, ки дар он ҷузъу томҳои таъиноти махсуси идораҳо ва хадамоти зидимухаддиротӣ, қӯшунҳои дохилӣ, мақомоти корҳои дохилӣ ва амнияти кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти дастаҷамъӣ, ки ба ҳайати қувваҳои таъиноти махсус дохил мешаванд, иштирок доштанд.
Дар ин маросим муовини Котиби генералии СААД Аманҷон Жанкулиев, Директори Хадамоти Федералии Федератсияи Россия оид ба назорати муомилоти маводи нашъаовар (ХФНММН Россия) Виктор Иванов, Раиси Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари назди Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон Рафик Мамбеталиев, Директори АНМН назди Президенти ҶТ Назарзода Рустам , намояндагони Шӯрои амнияти ҶТ, роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон, сафирон ва атташеҳои ҳарбии кишварҳои хориҷӣ, ки дар Тоҷикистон сукунат доранд, иштирок доштанд.
Машқҳои махсуси тактикӣ дар ду марҳила, бо иштироки намояндагони Ҷумҳуриҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон , то 3-юми сентябри соли равон дар ноҳияҳои сарҳадии Тоҷикистон идома меёбанд.
Машқҳо бо мақсади гузаронидани чорабиниҳои муштарак бо ҳадафи бастани роҳҳои интиқоли қочоқи маводи нашъаовар ва фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятпеша дар минтақаи наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани малакаи касбии кормандони таъиноти махсус, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои кофтуковӣ, ҳамоҳанг сохтани мақомоти идоракунӣ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои муштарак гузаронида мешавад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






