Ҷоми “Истиқлол”: ғалабаи дуюми ФФТ
Душанбе, 14.08.2015 (АМИТ «Ховар», Меҳрони Қурбон)-Дар майдончаҳои хурди сабзаашон маснӯии назди Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе, мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти Ҷоми бошгоҳи футболи “Истиқлол” идома дорад.Рӯзи 12 август қаҳрамони феьлии ин мусобиқа дастаи Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки дар гурӯҳи “А” баромад мекунад, бозии дуюми худро гузаронд. Ин дафьа ҳарифони ФФТ дастаи “Варзишгарон” буд. Бозӣ пурра бо бартарии чемпиони феълӣ ҷараён гирифт ва бо ҳисоби калони 10 бар 3 ба фоидаи ФФТ анҷом ёфт. Бояд қайд кард, ки дар ин бозӣ ноиби аввали президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Мирзоев ба задани се гол муваффақ шуд ва он гуна ки дар футбол мегӯянд, дар ҳисоби худ хет-трик навишт.
Бозии навбатии худро дар Ҷоми “Истиқлол” дастаи мо рӯзи 16 август ба муқобили дастаи “Динамо” мегузаронад.Дастаи “Динамо” яке аз пурқувваттарин дастаҳои мусобиқа мебошад. Оғози бозӣ соати 19.00.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






