Омилҳои гаравиши ҷавонон ба созмонҳо ва гуруҳҳои ифротгаро
Душанбе, 17.08.2015 (АМИТ «Ховар», Рафоати Абдулҳамид).- Омилҳои гаравиши ҷавонон ба созмонҳо ва гурӯҳҳои ифротгаро дар нишасти муштараки созмони ҷавонони Созандагони Ватан ва кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
Иштирочиён «Давлати исломӣ»-и Ироқу Шом ва таъсири онро ба ифротгароӣ дар Осиёи Марказӣ омили хатар дониста, иброз доштаанд, ки ин ҳаргиз як тарҳи нав набуда, нақшаи хеле қадимист, ки қудратҳои ҷаҳонӣ барои тақсимбандии нави ҷаҳонӣ ва бахусус минтақа кашидаанд.
Инчунин дар нишаст моҳият, сабабҳои авҷёбӣ ва роҳҳои пешгирии терроризм ва экстремизм низ баррасӣ шуда, зикр гардид, ки таҳкими чораҳои пешгирӣ аз ифротишавии ҷавонон як барномаи дурустест, ки ҳоло Ҳукумати кишвар роҳандозӣ кардааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






