Омодагиҳо барои мусобиқоти байналмилалӣ
Мӯъминобод, 03.08.2015. (АМИТ «Ховар»).- Давоми ду рӯз дар ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон мусобиқаи қайқронӣ баргузор гардид, ки дар он наврасони соли тавваллудашон 1998-2001-ум дар ҳайати дастаҳои Душанбе — 1, Душанбе — 2 , Хатлон — 2, дастаҳои вилояти Суғд ва дастаи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.
Диловар Расулов дар масофаи 1000 метр ва Некрӯз Раҷабов дар масофаи 5000 метр ба гирифтани ҷойи якум муваффақ шуданд. Миёни духтарон дар масофаҳои 200, 500 ва 1000 метр ҷои аввал насиби варзишгарони дастаи Хатлон-2 гардид, ҷои дуюмро дастпарварони вилояти Суғд ва ҷои сеюмро варзишгардухтарони шахри Душанбе ишғол карданд. Акнун ғолибон ва беҳтаринҳои мусобиқа дар ҳайати дастаи мунтахаби кишвар ба машқу тамринҳои дастаҷамъӣ сафарбар шуда, барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ омодагӣ мебинанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






