Омодагиҳо барои таҷлили «Рӯзи соҳибкор»
Душанбе, 21.08.2015. (АМИТ «Ховар»).- Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Ҳукумати мамлакат иттиллоъ доданд, имсол, дар доираи таҷлили нахустин солгарди «Рӯзи соҳибкор» баргузории «Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015» ба нақша гирифта шудааст. Форуми байналмилалӣ таҳти шиори «Саҳми соҳибкориву сармоягузорӣ дар рушди устувор» моҳи октябри соли равон баргузор шуда, барои иштирок дар он соҳибкорону сармоягузорони бурунмарзӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилалии молиявӣ, намояндагони баландпояи кишварҳои хориҷӣ ва дигар шарикони иқтисодӣ даъват мешаванд.
Барои таҷлили бошукӯҳи «Рӯзи соҳибкор» ва дар сатҳи баланд баргузор намудани Форуми байналмилалӣ Кумитаи тадорукот таҳти роҳбарии Давлаталӣ Саид — муовини якуми сарвазири мамлакат таъсис дода шудааст. Кумитаи тадорукот ҷаласаи якуми худро баргузор намуда, бо роҳбарони Кумитаи андоз, Бонки миллӣ, Палатаи савдо ва саноат, агентии «Тоҷикстандарт», Хадамоти алоқа ва дигар вазорату идораҳои дахлдор нақшаи чорабиниҳоро мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дод.
Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси Президенти мамлакат, Эмомалӣ Раҳмон, бо назардошти саҳми соҳибкорон дар рушди иқтисоди миллӣ санаи 14-уми октябр ҳамчун «Рӯзи соҳибкор» эълон гардида, тағйиру иловаҳои зарурӣ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ворид карда шудааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






