Омодагии муассисаҳои маориф ба давраи зимистонгузаронӣ
Суғд, 14.08.2015 (АМИ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар миқёси шимоли кишвар 913 мактабҳои таҳсилоти миёна фаъолият доранд, ки аз он 22 ададашро мактабҳои хусусӣ ташкил медиҳанд. Дар доираи татбиқи Қарори раиси вилоят дар бораи омодагии ташкилоту муассисаҳо ба фаслҳои тирамоҳу зимистон, дар муассисаҳои маорифи вилоят низ дар ин раванд тайёрии ҳамаҷониба дида истодаанд.
Тавре ба АМИТ “Ховар” сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода иттилоъ дод, тайёрӣ ба мавсими зимистонгузаронии муассисаҳои соҳаи маориф яке аз маъракаҳои муҳим маҳсуб ёфта, омодагии ҳамаҷонибаи мактабҳо ба зимистон ба пешрафти таълиму тарбияи толибилмон мусоидат хоҳад намуд.
Ба гуфти мавсуф, дар айни замон дар тамоми мактабҳои вилоят аз нақшаи талаботи умумии ангишт, ки 9580,5 тоннаро дар бар мегирад — 9049 тонна захира гардида, аз эҳтиёҷоти умумии 6629 метри мураббаъи оинабандӣ, дар масоҳати 5343 метри мураббаъ корҳо ба анҷом расонида шудаанд. Ҳамзамон 88 мактаби вилоят дастгоҳи хурди ягонаи умумимактабии гармидиҳӣ доранд. Ба таври илова чандин генератори барқӣ низ омодаи коранд.
Инчунин, соли равон дар миқёси вилоят сохтмони 99 иншооти соҳаи маъориф, аз он ҷумла сохтмони 440 адад синфхонаҳои иловаги ҷараён дорад. Теъдоди умумии хонандагон дар вилоят наздик ба 472 ҳазорро дар бар гирифта, ба онҳо 33 378 нафар омузгорон таълим медиҳанд. Соли хониши равон наздик ба 50 000 писаракону духтаракон ба синфи якум хоҳанд рафт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






