Омодагии муассисаҳои соҳаи маориф ба соли хониш

Август 22, 2015 06:33

Душанбе, 22.08.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани оғози соли нави таҳсили 2015-2016, Рӯзи Дониш, 24-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва 3000-солагии Ҳисор имрӯз дар Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва тамоми муассисаҳои тобеи он ҳашари умумиҷумҳуривӣ доир гардид. 
Кормандони вазорат ва муассисаҳо корҳои ободониву бунёдкорӣ, кабудизор намудани гирду атрофи муассисаҳо, бо гулҳо оро додани хиёбону гулгаштҳо, таъмиру тармимро дар биноҳо ва гирду атрофи он анҷом доданд.
 Бояд гуфт, ки чунин шанбегӣ рӯзҳои 23, 29 ва 30 августи соли равон низ доир карда мешаванд. 

 

Август 22, 2015 06:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Аҳамияти ҳуқуқии таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Тоҷикистон дар соҳаи об. Назари коршинос дар ин хусус
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе масъалаи бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳайати «Шаҳри ҳушманд» бо таҷрибаи Қирғизистон дар самти рақамикунонии соҳаи тандурустӣ шинос шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад